• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • сахифа
    • зерменю
      • зерзерменю
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ТАМОШОИ ДАСТҶАМЪОНАИ ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШКАДА
ТАМОШОИ ДАСТҶАМЪОНАИ ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШКАДА

Имрўз дар тамоми муассисаҳои таълимии соҳаи маорифи мамлакат, аз ҷумла дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода, роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни донишкада суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Рӯзи дониш, ки соли ҷорӣ дар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе сурат гирифт, тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи донишро дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод намуданд.
Зикр шуд, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи донишкадаву донишгоҳҳои кишвар бамаротиб афзуда, ҳоло ба 51 расидааст ва чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии мо соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидаанд. Заминаҳои моддиву техникӣ ва шароиту имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ мунтазам беҳтар шуда истодаанд.
Дар баробари ин, дар донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат дар самтҳои сифати таҳсилот, таъминот бо устодону омӯзгорони соҳибтаҷрибаву дорои унвони илмӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, фаъолияти паркҳои технологӣ, такмили ихтисоси устодон ва ташкили озмоишгоҳҳои муосир то ҳол баъзе мушкилиҳо ҷой доранд, ки бояд бартараф карда шаванд.
Таъкид шуд, ки тибқи маълумот дар аксари факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯён ду соли аввал бештар ба омӯзиши фанҳои ғайриихтисосӣ банд гардида, ба онҳо аксари фанҳои тахассусӣ асосан аз соли сеюм таълим дода мешаванд, ки ин боиси коҳиш ёфтани шавқи донишҷӯ нисбат ба касбу ихтисоси интихобкардааш мегардад.
Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадор карда шуданд, ки ин масъаларо дар муддати се моҳи оянда ҳаматарафа баррасӣ карда, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Роҳбари Давлат таъкид доштанд, ки масъалаи дигаре, ки дар шароити имрӯза хеле муҳим гардидааст, интихоби касби ояндаи ҷавонон мебошад. Инсон бояд дар интихоби касб хато накунад, вагарна то охири умр сарсону саргардон мешавад ва орзуҳои худро амалӣ карда наметавонад.
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеаи мо зимни интихоби касб тамоюли зоҳирпарастӣ, тақлид ба дигарон ва интихоби бемавриду бемантиқ ҷой дорад.
Аксари ҷавонон мехоҳанд, ки ё табиб шаванд ё ҳуқуқшинос. Яъне дар аксар мавридҳо интихоби касб на дар асоси қобилият ва истеъдод, балки аз рӯйи ҳавову ҳавас сурат мегирад.
Зикр шуд, ки дар кишварҳои пешрафтаи олам ҳанӯз аз зинаи томактабӣ ва баъдан дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ба масъалаи муайян кардани қобилият, истеъдод ва лаёқати наврасон диққати махсус медиҳанд, то дар зинаҳои навбатии таҳсилот ба рушди онҳо сармоягузорӣ намоянд ва пешрафти наврасону ҷавононро ба самти дуруст равона созанд.
Мо хуб медонем, ки ҳамаи падару модарон орзу доранд, ки фарзандонашон роҳи дурустро интихоб намоянд ва дар оянда хушбахт шаванд.
Аммо онҳо баъзан намедонанд, ки ин амалро чӣ гуна анҷом диҳанд.
Бахусус, агар воқеияти замон ба инобат гирифта нашавад.
Масалан, имрӯзҳо мутахассисони соҳаи амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва монанди инҳо дар бозори меҳнат талабгори зиёд доранд.
Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилот супориш дода шуд, ки дар муддати 3 моҳ вобаста ба ташаккули фарҳанги интихоби касб ва механизмҳои муайян намудани қобилият ва лаёқати касбии кӯдакону наврасон ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.
Дар анҷоми суханронии худ Роҳбари давлат изҳори умедворӣ намуданд, ки ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, соҳибкасбу соҳибҳунар ва ватандӯсту созандаи мо фардо ба неруи пешбарандаи иқтисоди миллӣ, пояи устувори ҷомеаи пешрафта ва кафолати идомаи роҳи созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил хоҳанд ёфт.
Бояд қайд намуд, ки устодону донишҷӯён дар тамоми биноҳои таълимии донишкада суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Рӯзи донишро дастҷамъона тамошо карданд.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 103

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 04.09.2026
ТАМОШОИ ДАСТҶАМЪОНАИ ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШКАДА
ТАМОШОИ ДАСТҶАМЪОНАИ ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШКАДА
  • 04.09.2026
ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ ДАР ДОНИШКАДА
ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ ДАР ДОНИШКАДА

Хабарҳои машҳур


  • 27.06.2026
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО
  • 27.06.2026
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены