ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ ДАР ДОНИШКАДА
Субҳи имрӯз ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2026-2027 дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Ҳамоишро директори донишкада Хурсанд Содиқзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро бо оғози соли нави хониш табрику таҳният гуфт.
Сипас, Зуфар Исмоилзода, муовини Раиси вилояти Суғд Паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи устодону донишҷӯёни донишкада расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Боиси ифтихор аст, ки дар сиёсати дурнигарона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҷойгоҳи хоса дорад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи худ, дар ин бора, чунин таъкид намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода номаи табрикотии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки аз ҷумла қайд шудааст: “Дар сиёсати созанда ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми маориф ва таҳсилот дар мақоми аввал қарор дорад ва мактабу маориф доимо такягоҳи давлат ва тарғибгари ғояҳои навини он ба ҳисоб меравад. Маориф яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи давлат ба ҳисоб рафта, бе маорифи пешрафта ва низоми дурусти таҳсилот ба ҳадафҳои муҳиму созандаи давлатдорӣ расидан душвор аст.
Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин марҳилаи ташаккулёбии Истиқлоли миллӣ, ки имрўз дар қаламрави мамлакат истиқболи шоистаи 35-умин солгарди онро тантана карда истодаем, ба рушди илму маориф ва нерўҳои ақлонии мамлакат таваҷҷўҳи зиёд зоҳир менамояд”.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО